СУЛҲ ВА ВАҲДАТ (#14430)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ёронро комгор кун ва ба убудият ҳамдам ва дамсоз фармо. Қулубро нуронӣ фармо ва вуҷуҳро раҳмонӣ кун, то бунёни муҳаббатат ва меҳрабонӣ дар олами инсонӣ таъсис гардад ва навъи башар ба якдигар мафтун ва меҳрпарвар гарданд. Шарқ даст дар оғуши Ғарб намояд. Фаранг бедаранг сабили муҳаббат пӯяд. Турк тоҷикро ҳамдам донад, ва ҳамоғуш ва меҳрабон шумурад. Кулл бо ҳам дар ниҳояти улфат ва ягонагӣ муошират ва мусоҳибат намоянд. Бегонагӣ намонад, зикри ағёр нашавад, ва ҳамдигарро ошно, ва ёр, ва ғамгусор гарданд. Эй Парвардигор! Ин шаби торро рӯзи равшан фармо ва ин буғз ва адовати байни милалро ба унс ва муҳаббат мубаддал кун, то олами офариниш осоиш ёбад ва ҷаҳони пурғурур аз олами илоҳӣ насиби мавфур ҷӯяд. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Бахшанда ва Дурахшанда ва Бино.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

СУЛҲ ВА ВАҲДАТ (#14431)

Ҳувалабҳо! Худоё, ин чӣ фазлест, ки иноят фармудӣ ва ин чӣ эҳсонест, ки арзон кардӣ. Қулубро ҳукми қалби воҳид додӣ ва нуфусро робитаи шахси мунфарид. Аҷсомро эҳсоси ҷон иноят кардӣ ва аҷсодро идроки рӯҳ ва равон. Ин зарроти туробияро ба шуоъи офтоби раҳмония намоиш ва вуҷуде иноят кардӣ ва ин қатароти фонияро ба амвоҷи баҳри Аҳадият ҳаяҷон ва тӯфон марҳамат фармудӣ. Эй Тавоное, ки коҳро қудрати кӯҳ иноят кунӣ ва хокро ҷилвагоҳи офтоби пуршукӯҳ фармоӣ. Лутф ва марҳамате, ки бар хидмати Амрат қиём намоем, то дар байни Малаъи имкон шармсор нагардем.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

СУЛҲ ВА ВАҲДАТ (#14432)

Ҳувалабҳо! Эй ёрони меҳрубони ман, Абдулбаҳо даме аз ёди шумо фароғат надорад, ҳамвора ба Атабаи муқаддасаи Ҳазрати Раҳмоният аҷзу ниёз намояд, ки Эй Парвардигор, Абдулбаҳои хоксорро ба хидмати аброр муваффақ фармо ва ин бандаи бесару поро ба убудияти аҳрор муайяд кун, то дар анҷумани олам ба нури муҳаббатат равшан гардад ва чунон ишроқе намояд, ки зулмати кулфат зоил гардад ва ҳақиқати улфат рух бикушояд. Офоқи инсонӣ нуронӣ гардад ва сулҳ ва салом ва оштӣ ва фалоҳи файзи раҳмонӣ шавад. Ваҳдати аслия ҷамол бинамояд ва равобити қадима шоҳиди анҷумани олам гардад. Ҳар як дигареро ҷонфишон шавад ва ҳар фард соири афродро қурбон гардад, кулл дар зилли убудиятат дароянд ва аз баҳри Аҳадият насиб баранд, оёти мусҳафи тавҳид шаванд ва роёти лашкари таҷрид гарданд, то ҷаҳони фонӣ намунаи олами боқӣ шавад ва фараҳ ва шодмонӣ ҷилваи олами инсонӣ.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

СУЛҲ ВА ВАҲДАТ (#14433)

Ҳуваллоҳ! Эй Яздони Меҳрабон! Ҷамеъи башарро аз як сулола халқ фармудӣ, то аъзои як хонадон гарданд ва бандагони Ҳазрати Ту шаванд. Дар зилли суродиқи фазлат маъво бахшидӣ ва бар хони неъматат муҷтамеъ кардӣ ва аз ишроқоти анвори иноятат мунаввар сохтӣ. Эй Худо! Туӣ Меҳрабон, Туӣ Малҷаъ ва Паноҳ ва Бахшандаи файзи ҳаёт! Тоҷи инсониро зинати ҳар саре фармудӣ, ва хилъати мавҳибатро зевари кулли башар, то тариқи дарёи  раҳматат шаванд. Эй Мавлои меҳрабон! Куллро муттаҳид фармо ва мазоҳири мухталифаро ба якдигар улфат бахш. Ҷамеъи милалро, миллати воҳида кун то аҷзои як хонумон гарданд, ва руи заминро як ватан донанд ва ба ниҳояти иттиҳод улфат ҷуянд. Эй Худо! Рояти ваҳдати олами инсониро баланд фармо ва сулҳи аъзамро мустақар кун! Қулубро ба якдигар илтиём деҳ. Эй Худо! Эй Падари меҳрабон, қулубамонро аз нафаҳоти муҳаббатат шодмон кун ва дидаҳоро ба нури ҳидоятат равшан намо ва гушҳоро аз нағамоти ҷонпарвар муталаззиз фармо. Дар савни иноят малҷаъ ва паноҳ бахш. Иннака Антал Қавиюл Қадир. Ё Сатторал уюб, ва Ё Ғаффорал зунуб.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

